Раҳмон ба оилаҳои зарардида аз зилзила дар Тоҷикобод хона тақдим кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт сафар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Тоҷикобод оғоз ёфт, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти президенти кишвар.
Дар деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ аз ҷониби Президент манзилҳои нави истиқоматии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи заминларза зарар дида буданд, мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо ба оилаҳои зарардида қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, 14 манзили истиқоматии чорҳуҷрадор барои оилаҳои манзилашон пурра вайроншуда ва 22 хонаи дуҳуҷрадор барои оилаҳои қисман зарардида, дар маҷмуъ 36 хонаи истиқоматии муҷаҳҳаз бо ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии рӯзи 13 апрели соли 2025 дар 13 деҳаи ноҳияи Тоҷикиобод 471 иншоот зарар дида буданд. Аз ҷумла 33 хонаи истиқоматӣ пурра ва 164 манзили истиқоматӣ қисман, 3 муассисаи таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи минтақавӣ ва дигар иншооти ёрирасон осеб дида буд.
Ҳаҷми умумии хисорот наздики 8 миллион сомониро ташкил дод.
Аз лаҳзаҳои аввали ба қайд гирифтани офати табиӣ дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт барои муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи доимамалкунанда таъсис дода шуда, дар навбати аввал барои дастрас намудани маҳсулоти сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ кумакҳои президенти кишвар ба сокинони зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод расонда шуд.
Дар муҳлати 4 моҳ дар деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Низом Мирзозода аз рафти корҳои барқарорсозӣ дар Рашт ва Тоҷикобод шинос шуд.
Ҳоло деҳаи навбунёд бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла оби нушокӣ, роҳ, барқ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ таъмин мебошад.
Аз сабаби дар мавзеъҳои осебпазир ҷойгир будани қисми зиёди деҳаҳои ҳудуди ноҳия, раисҷумҳур ба масъулон дастур дод, ки минбаъд манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бо риояи қоидаҳои меъмориву сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти босифат бунёд шаванд, ки ба офатҳои табиӣ тобовар бошанд.
Ҳамчунин бо дастури роҳбари давлат дар деҳаи навбунёди Лангари Шоҳ муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 600 хонанда дар ду баст, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 100 кӯдак ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд мегардад.