ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар макотиби Тоҷикистон аз соли нави таҳсили 2025-2026 низоми нави баҳогузорӣ ба дониши хонандагон дар сатҳи 10 хол ҷорӣ мешавад.
Дар ин бора, мудири шуъбаи омӯзиши стандарт, нақшаю барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Давлатназар Имомназаров гузориш додааст, менависад АМИТ "Ховар".
Ба гуфтаи ӯ, гузариш ба низоми 10-хола имконият медиҳад, ки ба ҳар хонанда вобаста ба сатҳи воқеии дониш, малака ва фаҳмишаш баҳо гузошта шавад.
Давлатназар Имомназаров иброз дошт, ки меъёри низоми 5 -балла пурра риоя намешаванд.
"Яъне, ҳамагӣ се баҳои он мавриди амал қарор мегирад. Баҳои 1 тақрибан истифода намешавад ва баҳои 2 дар мавридҳои кам гузошта мешавад. Ин ва дигар омилҳо сабаб шуданд, ки низоми 10-хола ба роҳ монда шавад", - шарҳ дод Имомназаров.
Ба таҳлили кормандони соҳаи маорифи мамлакат, низоми 10-хола имконият медиҳад, ки таълим ба сӯи омӯзиши амиқ ва татбиқи дониш равона гардад.
Соли 2024 аллакай дар беш аз 140 муассисаи таълимии Тоҷикистон гузариши озмоишӣ ба низоми 10-хола амалӣ гардид.
Омӯзгорон дар ин озмоишҳо шаффофияти бештари арзёбиро эҳсос намуда, хонандагон низ бо ҳаваси бештар дарс мехонданд.
Ин низом танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат амалӣ карда мешавад. Дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон низоми 100-бала боқӣ мемонад.