Дар бозорҳои кишвар 43,6% молу ашёи фурӯхташуда истеҳсоли Тоҷикистон будаанд

Мақомоти Тоҷикистон бар такя бар оморҳои ахир вазъи соҳаи савдоро дар дохили кишвар назаррас азёбӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар моҳҳои январ- июли соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо ба 40 млрд сомони расидааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 12,5% зиёд будааст.
Қайд карда шудааст, ки давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи 10,7% зиёд арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 33,5 миллиард сомониро ташкил дод.
“Аз ҷумла дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ ба маблағи 14,6 миллиард сомонӣ мол фурӯхта шудааст, ки 43,6 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил медиҳад”, - таъкид кардааст Агентии омор.
Ин ниҳоди давлатӣ иттилоъ додааст, ки дар ин давра ба маблағи 3,2 млрд сомонӣ чорвои зинда, 1,1 млрд сомонӣ автомобилҳо, мототсиклҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, 6,2 млрд сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблағи 7,8 млрд сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шудаанд.
Дар Тоҷикистон шумори истифодабарандагони интернет афзоиш ёфт
Гуфта мешавад, ки дар ин давра гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 3918,3 сомонӣ рост меояд.
Қайд карда шудааст, ки таносуби бештари гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо дар ин давра ба вилояти Суғд (29,3%) ва шаҳри Душанбе (30%) рост омадааст.
Таносуби молгардиши бахши ғайридавлатӣ бошад, дар ин давра 99,8% ҳаҷми умумиро ташкил кардааст.