ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз минтақаи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, ки яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ аст, аз фароҳам овардани шароити муосир барои истироҳати шаҳрвандон ва ҷалби бештари сайёҳон ёдовар шуд.
Вай таъкид намуд, ки дар баробари ташрифи сайёҳони хориҷӣ, сайёҳони дохилӣ низ аз табиати нотакрори Шаҳристон баҳра мегиранд.
“Ба масъулони соҳа зарур аст, ки ба тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист, махсусан дар минтақаи Хуррамдара, диққати ҷиддӣ диҳанд”, - қайд кард Аҳмадзода.
Вай таъкид кард, ки имрӯзҳо Хуррамдара ба макони писандида барои садҳо нафар сайёҳ табдил ёфтааст.
“Бо ин вуҷуд, баъзе шаҳрвандон пас аз истироҳат партовҳоро дар ҷойҳои ғайримақсаднок партофта, боиси олудагии муҳит мегарданд. Бо назардошти ин, назорат ҷиҳати тозаву назаррабо нигоҳ доштани мавзеъ бояд пурзӯр карда шавад. Ҳар шахсе, ки ба ин мавзеъ меояд, вазифадор аст, ки ба табиат зарар нарасонад ва партовҳоро танҳо дар ҷойҳои махсуси пешбинишуда гузорад”, - гуфт Раҷаб Аҳмадзода.
Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист рисолати ҳар фарди худогоҳ аст,.
Вай ба масъулин барои мунтазам гузаронидани ҳашар ва тоза нигоҳ доштани минтақаи сайёҳӣ супоришҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки вилояти Суғд яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар ба шумор рафта, имконияту зарфиятҳои соҳаи сайёҳии он мақсаднок истифода мегардад.
Тавре умитаи рушди сайёҳӣ хабар дод, дар шаш моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 761,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 180,9 ҳазор нафар ё 31% бештар мебошад.
Ба иттилои ниҳод, аз шумораи умумии сайёҳон, 59,8 ҳазор нафар аз кишварҳои хориҷи дур ва 699,2 ҳазор нафар аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) будаанд. Шумори сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур 1,1% кам шудааст, вале аз кишварҳои ИДМ 31% афзоиш ёфтааст.