ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз таъсиси пурраи муомилоти электронии ҳуҷҷатгузорӣ хабар дод.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии агентӣ гузориш додааст.
Дар Агентӣ таҳти роҳбарии директор Ҳабибулло Назарзода ҷаласа баргузор гардид, ки дар рафти он татбиқи низоми ягонаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти чорабинӣ маълум гардид, ки мақомот аллакай пурра "рақамӣ" шудааст.
Таъкид мешавад, ки ин низоми онлайн бо ҳадафи таҳкими ҳукумати электронӣ ва боло бурдани сатҳи идоракунии замонавӣ ҷорӣ карда мешавад.
Ба ғайр аз ин, он бояд автоматикунонии такмили дастраси ба сертификатҳо ва литсензияҳои корхонаҳои авиатсионй, мутахассисони соҳа ва техникаро таъмин намояд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ дастур дода шуд, ки ба кадрҳо истифодаи система ва риояи пурраи талабот омӯзонида шаванд.
Қаблан масъалаи татбиқи барномаи ҳукумати электронӣ аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як нишаст матраҳ шуда буд.