ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай даъват шудааст.
Нишасти "20-гона" дар Чин бо ширкати раҳбарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад, гуфт, ёвари вазири корҳои хориҷии Чин Лю Бин, хабар медиҳад РИА Новости.
Гуфта мешавад, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз 31 август то 1 сентябр дар Тянҷзини Чин баргузор хоҳад шуд.
Ба чорабинӣ дар баробари президенти Тоҷикистон раҳбарони беш аз 20 кишвари дунё даъват шудаанд:
Аз ҷумла, президенти Русия Владимир Путин, раҳбари Белорус Александр Лукашенко, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, кишвардори Эрон Масъуд Пизишкиён, раҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президентҳои Қозоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон, Муғулистон Озарбойҷон ва ғайра.
Ба гуфтаи Лю Бин, ширкаткунандагон таҷрибаи бомуваффақияти СҲШ-ро баррасӣ карда, самтҳои рушди ин созмонро муайян мекунанд ва дар масоили ҳамкорӣ ба як тавофуқ хоҳанд расид.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як иттиҳодияи байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфта, ба он Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон, Узбекистон ва Белорус шомиланд.
Кишварҳои нозир: Афғонистон ва Муғулистон; кишварҳои шарик: Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, АМА, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.