Дастрасии мардуми ВМКБ ба барқ беҳтар мешавад

ҶДММ “Кашемири Помир” барқи изофии илтеҳсолиро ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дастрасии мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба барқ беҳтар хоҳад шуд.
Ин масъала зимни боздиди вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз ноҳияи Роштқалъа мувофиқа шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати энержӣ.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот бо роҳбарияти ҶДММ “Кашемири Помир” масъалаи истифодаи самараноки панелҳои офтобии корхона, ки иқтидори умумии онҳо 46 кВт-ро ташкил медиҳад, баррасӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки панелҳои офтобии ҶДММ “Кашемири Помир” аз эҳтиёҷоти корхона зиёд барқ истеҳсол менамояд.
"Пешниҳод гардидааст, ки пас аз насби ҳисобкунак, панелҳои офтобӣ ба шабакаҳои барқии ширкати “Помир Энерҷӣ” пайваст карда мешаванд ва барқи изофӣ барои таъмини аҳолӣ равона мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Ин дар ҳолест, ки истеҳсоли қувваи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар зарфи 30 сол кариб 5 баробар афзуд, вале мардум то ҳол ба вижа фасли сармо аз бебарқӣ танқисӣ мекашанд.
Истеҳсоли қувваи барқ дар ВМКБ 5 баробар афзуд
Дар ин муддат дар ВМКБ 16 зеристгоҳи барқӣ ва беш аз ҳазор километр хатти интиқоли барқ сохта ба истифода дода шудааст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ҳамчунин аз як қатор деҳаҳо боздид карда ва бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ шинос шудааст.