ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Директори НБО "Норак" Фазлиддин Шоиддинов дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар додааст, ки баъди татбиқи пурраи лоиҳа навсозӣ иқтидори лоиҳавии НБО “Норак” аз 3000 ба 3375 мегаватт расида, бо назардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории Неругоҳ 775 мегаватт зиёд мешавад.
“Яъне, бо анҷом ёфтани корҳои навсозии пурраи Неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии НБО "Сангтӯда-1", ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад”, - таъкид кард вай.
Оқои Шоиддинов илова кард, ки Дар солҳои охир, бинобар фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ, иқтидори истеҳсолии Неругоҳ коҳиш ёфта, тавоноии ҳар агрегати он то 2600 мегаватт паст фаромада буд.
“Ҳар як таҷҳизоти асосӣ 20-25 сол кафолати техникӣ дорад. Аксари таҷҳизоти асосии НБО "Норак" то солҳои ибтидои истиқлолият муҳлати ин кафолати техникиро гузаронда буданд ва ба фарсудашавӣ оғоз намуда, ба таҷдид эҳтиёҷи ҷиддӣ пайдо карда буданд”, - қайд кард ӯ.
Мудири НБО “Норак” таъкид кард, ки ҳоло Корҳори навсозӣ дар нерӯгоҳ бомаром идома доранд.
Мутобиқи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ маблағи умумии таҷдиду азнавсозии Неругоҳ беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи ҳамин санад муҳлати амалӣ шудани лоиҳа дар ду марҳала 10 солро фаро мегирад.
Фазлиддин Шоиддинов қайд кард, ки санаи 24-уми октябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак сафар намуда, дар расми тантанавии ба истифода додани агрегати якуми НБО "Норак", баъд аз таҷдид, иштирок ва суханронӣ намуд.
“Ин ҳама дар доираи марҳалаи якуми лоиҳа буд. То ин дам, барои амалӣ кардани он 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ ҷалб гардид”, - гуфт мудири нерӯгоҳ.
Вай зикр кард, ки дар доираи марҳалаи якуми лоиҳа иваз кардани се агрегат, 6 трансформатор, таҷдиди дастгоҳи тақсимоти кушода ва иҷрои корҳо вобаста ба таъмин намудани бехатарии сарбанд бояд амалӣ гарданд.
Дар доираи марҳалаи дуюм бошад, иваз кардани 6 агрегати боқимонда, таъмири бинои Неругоҳ ва хариди техникаву таҷҳизоти зарурӣ пешбинӣ шудааст.
26 июни, 18:00
Соли 2024 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон агрегати навбатии он, баъди таҷдид ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр иқтидори истеҳсолии гидроагрегати чоруми нерӯгоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқро ташкил дод.
Оқои Шоиддинов зикр кард, ки анҷоми бомуваффақияти лоиҳаи таҷдиду навсозӣ маънои онро дорад, ки НБО "Норак" аз нав эҳё шуда, боз солҳои дароз барои иқтисодиёт ва мардуми кишвар хидмат хоҳад кард.