ВКД-и Тоҷикистон нишон дод, ки нерӯҳои вижаи “Шоҳин”-и чӣ гуна паҳподу аслиҳа доранд

Ба раисҷумҳури Тоҷикистон муосиртарин дастгоҳу аслиҳае, ки нерӯҳои вижаи “Шоҳин” имрӯзҳо истифода мебаранд, ба намоиш гузошта шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ карданд.
Иншооти навбунёд аз як бинои асосӣ ва се бинои ёрирасони 3 ошёна иборат мебошад.
Зимни шиносоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нав мутобиқ ба меъёрҳои хизматӣ ва шароити мусоиди корӣ омода карда шудааст.
Ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, биноҳои навбунёд дорои синфхонаҳо ва майдончаҳои махсуси таълимӣ мебошанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст.
Ҳамчунин ба хизматчиёни ин даста, дар иншооти мазкур хобгоҳи замонавӣ бунёд шудааст.
Дар саҳни иншооти навбунёд Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд.
1 / 8
19 августа Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон вместе с Председателем Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председателем города Душанбе Рустами Эмомали в столице страны сдали в эксплуатацию новое здание Отдельного отряда милиции особого назначения "Шохин" Управления Министерства внутренних дел по городу Душанбе.
2 / 8

3 / 8

4 / 8

5 / 8
Отдельный отряд милиции специального назначения "Шохин" Управления Министерства внутренних дел по городу Душанбе
6 / 8

7 / 8

8 / 8

Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуда буд.
Иттилоъ дода шуд, ки парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ аз ҷумла паҳподҳои интиҳорӣ ва зарбазану назоратӣ иборат буда, ҳамаи он дар омодагии хуби доимӣ қарор дорад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсии дастаи мазкур таъкид дошт, ки донишу малакаи худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
500 нафар истирдод шуд: Раҳимзода дар бораи амалиёти махсуси ВКД Русия ва Тоҷикистон гуфт
Раисҷумҳури бо ёдоварӣ аз вазъи басо мураккабу пешгӯинашаванда дар минтақа ва ҷаҳон, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як хизматчии низомию воҳидҳои таъиноти махсус талаб кард, ки барои ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистон ва амну суботи пойдор дар кишвар ҳамеша омодагии зарурӣ дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия "Шоҳин"-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нақлиётҳои нави корӣ тақдим кард.