Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска

Занги Путин ба Раҳмон: Аз баррасии мулоқот бо Трамп то сафараш ба Тоҷикистон

Путин ва Раҳмон дар гуфтугӯи телефонӣ масоили рушди муносибатҳои Русияву Тоҷикистон ва омодагӣ ба сафари давлатии Путин ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занг зад, то ва аз натиҷаҳои мулоқоти Русияву Амрико дар Анкориҷи ИМА маълумот дод
Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи Кремлин хабар додааст.
"Раҳмон аз иқдомоте, ки ба ҳалли сиёсӣ ва дипломатии бӯҳрони Украина нигаронида шудааст, истиқбол кард", - таъкид намудааст Кохи Кремлин.
Ин манбаъ қайд кард, ки зимни суҳбат "масъалаҳои кунунии рушди муносибатҳои Русияву Тоҷикистон ва омодагӣ ба сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон, инчунин баргузории нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд карда шудааст, ки ҳамаи ин нишасту ҷаласаҳо мохи октябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Путин ба Раҳмон аз натоиҷи асосии музокирот бо ҷониби ИМА маълумот дод
Ба гуфтаи дафтари матбуоти Кохи Кремлин, бори охир Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 август суҳбати телефонӣ анҷом дода буданд.
Он замон Путин дар бораи равобити Русияву Амрико, аз ҷумла сӯҳбати ахири худ бо фиристодаи вижаи президенти ИМА Стивен Уиткофф хабар дода буд.