ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Таҳти раёсати муовини сарвазир Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан ҷаласаи баррасии фаъолияти филиалҳои ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" баргузор гардид.
Дар ин бора, дафтари матбуотии Вазорати энергетикаи Тоҷикистон хабар додааст.
Муовини нахуствазири Тоҷикистон зимни ҷаласа дастур додааст, ки назорат бар истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар минтақаҳо пурзӯр карда шавад.
Дар ҷаласа инчунин самаранокии фаъолияти филиалҳо дар давоми ҳафт моҳи соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамин тавр, фаъолияти филиали ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар минтақаи Истаравшан дар ин давра, ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардидааст.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъият Усмонзода ба масъулон дастуру супоришҳои дахлдор додааст.
Бино ба гузориши директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ Сорбон Холмуҳамадзода, дар ин давра аз ҷониби Агентӣ 303 ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, аз ҷумла изофанависӣ ва дигар қоидавайронкуниҳо ошкор карда шуданд.
Дар вилояти Суғд бошад, давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 12 млн кВт/соат изофанависии неруи барқ ба маблағи 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ошкор гардидааст.
Ҳамзамон, дар ин давра беш аз 1000 санади қоидавайронкунӣ ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.