Сокинони пойтахти Қазоқистон аз маҳсулоти кишоварзӣ, хушкмева, сабзавоту меваи тар ва дигар анвои хӯроки миллӣ бо хушнудӣ харидорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин ярмаркаҳо ба таъмини бозор бо маҳсулоти босифату арзон ва таҳкими дӯстиҳои мардумӣ мусоидат менамоянд.
Дар ярмарка беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуд.
Ин намоишгоҳ на танҳо саҳнаи намоиши маҳсулоти босифати тоҷикистониён гардид, балки рамзи дӯстии ду миллат низ буд.
Дар намоишгоҳ ҳар шаҳру ноҳияи вилояти Суғд то 40–50 тонна маҳсулот пешкаш намуд.
Корхонаҳои пешсафи вилоят, ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) маҳсули дасти худро пешниҳод намуданд.
Намоишгоҳ дар 4500 метри мураббаъ баргузор гардида, дар ду тарафи макони баргузории чорабинӣ 50 хаймаи фурӯши маҳсулот ҷойгир карда шуд.
Ҳамчунин матоъҳои атласу адрас, либосҳои миллӣ, қолинҳо, кордҳо, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва маҳсулоти дигар таваҷҷуҳи харидоронро ҷалб намуданд.
Дар маркази майдон намоишу фурӯши маҳсулоти гуногун ба роҳ монда шуд.
Ошпазони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 10 деги бузург оши палави тоҷикӣ омода карданд, ки аз ҷониби сокинони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон гарм истиқбол шуд.
Намоиши таомҳои миллии Тоҷикистон баргузор гардид