Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска

Омодагии Аляска барои мулоқоти таърихии Путин ва Трамп: гузориши аксӣ

Суҳбати нахустини раҳбарони ду кишвар дар чаҳор соли ахир 15 август дар шаҳри Анкориҷи Аляска соати 22:30 ба вақти Маскав оғоз мешавад. Интизор меравад, ки ин музокирот ба буҳрони Украина нуқта мегузорад.
Sputnik
1 / 10

Ҳавопаймои Ил-96-300-и отряди вижаи парвозии "Русия", аз фурудгоҳи Внуковои Маскав парвоз кард, ба фурудгоҳи байналмилалии Анкориҷ ба номиТед Стивенс фурӯд омад.

2 / 10

Хабарнигорон дар базаи ҳарбии ИМА Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ (штати Аляска).

3 / 10

Хабарнигори Кремл дар арсаи варзишии Маркази ҳавоӣ ба музокироти Русияву Амрико омодагӣ мегирад.

4 / 10

Намояндагони васоити ахбори омма дар як маркази пешниҳоди матбуот дар Маркази шаҳрвандӣ ва конгресси Денаина дар Анкориҷ барои музокироти таърихӣ омодагӣ мебинанд.

5 / 10

Хабарнигорони ҳавзаи Кремл ба музокироти Русияву Амрико дар арсаи варзишии Маркази ҳавоӣ омодагӣ мебинанд.

6 / 10

Пас аз мулоқоти як ба яки президентҳо, музокирот дар ҳайатҳо сурат мегирад ва ин музокирот дар як субҳонаи корӣ идома хоҳад ёфт.

7 / 10

Гузаргоҳи назоратии базаи ҳарбии ИМА "Элмендорф-Ричардсон" ар Анкориҷ.

8 / 10

Мавзӯи марказии мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА ҳалли бӯҳрони Украина хоҳад буд.

9 / 10

Ёвари президенти Русия Ушаков гуфт, музокироти Русия ва ИМА дар Аляска дар шакли субҳонаи корӣ баргузор мешавад

10 / 10

Омодагиҳо барои дидори таърихии Путин ва Трамп дар Анкориҷи Аляска дар ҳама самт идома дорад. Интизор меравад, ки Трамп Путинро дар сатҳи олӣ пешвоз гирад.

Омодагии Аляскаро барои музокироти раҳбарони ду кишвари пурқудрати ҷаҳон дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон бубинед.