ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Роскомнадзори Русия аз маҳдудияти зангҳо тавассути Telegram ва WhatsApp* эълон кард.
Маҳдудият танҳо ба зангҳои садоӣ дахл дорад, ки ахиран ҷинояткорон аксаран барои фиреб додани сокинони Русия аз онҳо истифода мекарданд.
"Тибқи маълумоти ниҳодҳои қудратӣ ва дархостҳои сершумори шаҳрвандон, паёмрасонҳои хориҷии Telegram ва WhatsApp ба хидматҳои асосии садоӣ барои фиребу тамаъҷӯӣ ва ҷалби шаҳрвандони Русия ба корҳои тахрибкорӣ ва террористӣ табдил ёфтаанд. Дархостҳои батакрор барои андешидани чораҳои ҷавобӣ аз ҷониби соҳибони паёмрасонҳо нодида гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Вазорати рушди рақамӣ тавзеҳ дод, ки ин иқдом ба коҳиш додани шумораи зангҳои қаллобон мусоидат мекунад; дар бораи маҳдуд кардани вазифаҳои дигар сухан намеравад.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки дастрасӣ ба мессенҷерҳои хориҷӣ дар сурате барқарор мешавад, ки онҳо талаботи қонунгузории Русияро риоя намоянд ва маълумоти муҳимро бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намоянд.
Ба моликони Telegram ва WhatsApp борҳо барои андешидани чораҳои ҷавобӣ талабот ирсол шуда будааст, аммо онҳо нодида гирифтаанд.
Аз ҷумла, онҳо бо дархости нирӯҳои амниятӣ на танҳо дар бораи ҳолатҳои оммавии қаллобӣ, балки дар бораи тарҳрезӣ ва анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия низ аз додани маълумот худдорӣ кардаанд.
* Ширкати Meta Corporation (соҳиби Facebook, Instagram) дар Русия ҳамчун экстремистӣ эътироф шуда мамнӯъ мебошад.