ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор дар соли хониши 2025-2026 беш аз 9024 нафар хонандагон ба синфи якум қадам мениҳанд.
Аз ин теъдод, 4234 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳад. Дар ин бора, масъулини маорифи шаҳри Ҳисор гузориш додаанд.
Гуфта мешавад, соҳибкорон ва мақомоти шаҳр дар соли нави таҳсил ду кӯдакистони нави хусусӣ барои 340 кӯдак, 6 бинои иловагӣ, як мактаби нав дар деҳаи Уртабузи ҷамоати шаҳраки Шарораро мавриди истифода қарор медиҳанд.
Дар онҳо дар маҷмуъ 3860 нафар хонандагон дар ду баст таҳсили илм хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар 11 кӯдакистони фаъоли шаҳр 252 кӯдак ва дар 55 синфхонаи нав таъмиршудаи 22 мактаби Ҳисор 2500 нафар кӯдаконро ба гурӯҳҳои маркази инкишофи кӯдак қабул менамоянд.
Дар соли 2025 аз ҳисоби буҷаи шаҳри Ҳисор барои таъмири мактабҳо 7, 8 млн сомонӣ ва барои таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ 6,7 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Танҳо дар муассисаи таълимии рақами яки шаҳри Ҳисор имрӯзҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст.
Ногуфта намонад, ки дар маҷмуъ имсол дар ҳудуди Тоҷикистон хонандагон ба синфи якум қадам мениҳанд.