Бозёфти нодир: Дар шаҳри Бохтар ду сиккаи давраи Темуриён ёфт шуд - акс

Дар паи кошинҳои археологӣ дар яке аз шаҳрҳои қадимтарини Тоҷикистон бозёфтҳои нодири давраи Темуриён ва Манғития ёфт шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар қалъаи “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар ду сиккаи давраи Темуриён ва кӯзаҳои шикаста ва сафолӣ ёфт шуданд.
Дар ин бора, муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Саиднуриддинзода хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ковишҳои археологӣ дар макони таърихӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ковишҳои бостоншиносӣ оғоз шуд.
"Зимни ковишҳои бостоншиносӣ ду сиккаи мисӣ ёфт шуд, ки яке марбут ба давраи Темуриён, асрҳои XV-XVI ва дигарӣ мутааллиқ ба давраи Манғития, асрҳои XVI- XVII мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, дар паи ковишҳо аз ҷониби бостоншиносон кӯзаҳои шикаста ва сафолӣ ёфт гардидааст.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 12 август оғоз гардида, то 17 августи соли ҷорӣ идома меёбанд.