Афғонистон аз коҳиши воридоти барқ аз Тоҷикистон ва камбуди энержӣ шикоят кард

Мақомоти Афғонистон мегӯянед, ки соли гузашта дар фасли тобистон 400 мегават барқ аз Тоҷикистон ворид мешуд, аммо акнун ин рақам ба 310 то 320 мегават расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12авг — Sputnik. Раиси ширкати “Брешно” Абдулбории Умар қайд кардааст, ки Афғонистон ҳудуди 80% барқи худро аз берун ворид мекунад, аммо дар тобистони имсол мизони воридоти барқ аз Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “TOLO News".
Абдулбории Умар афзудааст, ки соли гузашта дар фасли тобистон 400 мегават барқ аз Тоҷикистон ворид мешуд, аммо акнун ин рақам ба 310 то 320 мегават расидааст.
“Дар тобистон қаблӣ мо 400 мегават аз Тоҷикистон ворид мекардем, аммо дар ҳоли ҳозир 310 ва баъзе авқот 320 мегават барқ дорем. Як иллати умдаи он камбуди барқ воридотӣ аст, ки 80 ё 90 мегават коҳиш бисёр зиёдаст. Иллати дигар низ хушксолӣ ва тағирот иқлим мебошад. Соли гузашта дар банд Нағлу ва Сарробӣ дар фасли тобистон тақрибани 102 мегават барқ мегирифтем”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди ин шароит, ширкати “Брешно” талош кардааст, то дар 24 соат, аз 12 то 13 соати барқ ба муштаракон бирасонад.
Ҳамчунин раиси ширкати “Брешно” гуфт, барои ҷуброни ин камбуд, дастгоҳҳои ҳароратӣ низ фаъол шудаанд, ки дар 12 соати кор рӯзона, байни 200 то 250 ҳзор литр сӯзишвории дизелӣ масраф мекунанд.
Ҳазинаи тавлиди барқи ҳароратӣ барои ширкати “Брешно” ба 35 афғонӣ дар ҳар киловатт мерасад, дар ҳоле, ки ин барқ бо нархи бисёр поинтар ба мардум, бозаргонон ва санъаткорон фурӯхта мешавад.
Тоҷикистону Афғонистон бар ҳамкориҳои густарда ва ҳамаҷониба таъкид карданд
Абдулбории Умар афзуд, ки ин камбӯди барқ зиндагии рӯзмарраи бошандагони Кобулро бо душворӣ мувоҷеҳ кардааст.
Шуморе аз пойтахтнишинон аз Аморати Исломӣ, ба вижаи ширкати “Брешно” мехоҳанд, ки ба камбуди барқ дар пойтахти Афғонистон расидагӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод, ки ҷумҳурӣ зарфи ним соли гузашта 1 млрд 123,3 млн кВт соат нерӯи барқ ба хориҷ содир кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод Афғонистон ва Узбекистон харидорони аслии барқи Тоҷикистон ҳастанд.
Давоми шаш моҳи гузашта ҷумҳурӣ ба ҳукумати таҳти идораи Толибон* 718 млн кВт соат ба маблағи 312 млн сомонӣ ва ба ҶУ 395,8 млн кВт соат ба маблағи 9 млн сомонӣ барқ фурӯхтааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.