ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тадбирҳои дастгирии комплекси агросаноатиро тақвият медиҳанд.
Дар ин бора, Кумитаи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки зимни мизи мудаввари КИАО қарздиҳии имтиёзнок, лизинги кишоварзӣ, кумак ба соҳибкории хурду миёна, инчунин истифодаи интиқоли буҷетро баррасӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки давоми моҳҳои январ-майи соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 1,8% афзоиш ёфт. Ин омор ҳаҷми ҳосили хоҷагиҳои ҳамаи категорияҳоро фаро мегирад.
Афзоиш тақрибан дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳод мушоҳида шудааст:
Арманистон - 10%,
Қазоқистон - 4%,
Қирғизистон - 3%,
Русия - 1,5%.
Дар баробари ин дар ИИАО истехсоли тухм 4,4%, шир — 1,7% афзудааст.
Ин дар ҳолест, ки ИИАО барномаҳои ҳифзи истеъмолкунандагонро таҷдид мекунад.
Барномаи таҷдидшуда ба баланд бардоштани сатҳи эътимоди аҳолӣ ба сохторҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва хидматрасонии интеллектуалӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ бахшида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.