Қарздорони калон: Мақомот ширкатҳои қарздор аз андозро ном бурд

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бақияи қарзи андозҳо дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 975,8 млн сомониро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ рӯйхати калонтарин қарздорҳо аз андозро расонаӣ кард.
Вай гуфт, аз ҳама зиёд дар назди Кумитаи андоз Шабакаҳои тақсимоти барқ қарздор будааст ва вомаш ба 144 миллион сомонӣ расидааст.
Баъд аз Шабакаҳои тақсимоти барқ, калонтарин қарздорҳо аз андоз ин корхонаҳо будаанд:
"Талко голд" - 30 миллион сомонӣ;
"Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" - 30 млн сомонӣ;
Корхонаи "Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил" - 22 млн сомонӣ;
Кони ангишти "Зиддӣ" - 19 млн сомонӣ.
Нусратулло Давлатзода қайд кард, ки барои кандани ин қарзҳо Кумитаи андоз корбарӣ дорад ва шумораи корхонаҳое, ки қарзҳои калон доштанд, давра ба давра кам шудааст.
Кам нишон додаанд: Ошкори 160 млн сомонӣ маблағҳои пинҳони андоз дар Суғд
Дар маҷмуъ, ба ҳолати 1 июни соли 2025 бино ба додаҳои Кумитаи андози Тоҷикистон, бақияи қарзи андозҳо дар ҷумҳурӣ 975,8 млн сомониро ташкил медиҳад.
“Солимгардонӣ”: “Барқи тоҷик” қарзҳояшро чӣ гуна танзим мекунад?
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 235,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.