Аз Аврупо то Осиё: харидорони асосии молу колои Тоҷикистон маълум шуданд

Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон давоми ним соли равон ба 4,7 млрд доллар баробар шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта, 273 млн доллар зиёд мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Харидорони асосии молу колои Тоҷикистон дар хориҷ маълум шуданд.
Ҳамин тавр, ба сегонаи аввал Ҳолланд, Узбекистон ва Чин ворид шудаанд. Дар ин бора, Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гузориш додааст.
Ҳамин тавр, ҳаҷми умумии содироти мол аз Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 943,2 млн доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 53 млн доллар ё 5,3% коҳиш ёфтааст.
Содироти моли Тоҷикистон ба кишварҳои зерин афзоиш ёфтааст:
Ҳоланд ба маблағи 262,7 млн доллар,
Узбекистон -27,6 млн,
Чин - 24,7 млн,
Туркия - 16,4 млн,
Белгия - 7,6 млн,
Покистон - 5,6 млн,
Қирғизистон - 1,8 млн доллар.
Кадом маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон харидорони хориҷӣ доранд?
Ба давлатҳои зерин бошад, содироти моли кишвар коҳиш ёфтааст:
Қазоқистон - 79 млн доллар,
Эрон 1,3 млн,
Русия - 5,3 млн,
Афғонистон - 6,7 млн,
АМА - 1,3 млн доллар.
Аз Тоҷикистон асосан, сурма ва маҳсулоти он, маъданҳо ва консентратҳо, алюминийи коркардкардашуда, қувваи барқ, меваю сабзавот, ангиштсанг, семент ва пӯстро содирот мекунанд.