Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи байналмилалии Лев Толстой пешбарӣ шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар таъмини амнияти умумибашарӣ ба ҷоизаи бонуфуз пешбарӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. "Бунёди сулҳи Русия" Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи байналмилалии Лев Толстой пешбарӣ кард.
Гуфта мешавад, ки кишвардори Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар таъмини амнияти умумибашарӣ ба ин ҷоиза пешбарӣ гардидааст.
"Ҷоиза барои саҳми назаррас дар таъмини амнияти умумибашарӣ дар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ тақдим мегардад", - гуфта мешавад дар номаи раиси ин бунёд, Леонид Слутский.
Дар ин санад ҳамчунин ба нақши таърихии Эъломияи Хуҷанд дар масоили марзи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъкид шудааст.
"Бо саъю кӯшишҳои сарони давлатҳо амнияти АвруОсиё таъмин мегардад, муколама дар Осиёи Марказӣ оид ба таъсиси низоми бидуни раводид ва баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии минтақа идома дорад", - гуфта мешавад дар нома.
Дар баробари президенти Тоҷикистон, кишвардорони Узбекистон ва Қирғизистон - Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов низ ба Ҷоизаи байналмилалии Лев Толстой пешбарӣ гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки то кунун раисиҷмҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст.
Низом Қосимро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод мекунанд
Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон борҳо ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод шудааст. Пешниҳод, бори аввал соли 2001 аз сӯи нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун, бори дуввум соли 2016 аз сӯи Ҳикматулло Насриддинов, собиқ ҳарифи Раҳмон дар интихоботи президентӣ ва бори сеюм соли 2018 аз сӯи Анҷумани узбекҳои Тоҷикистон барои дарёфти ин ҷоиза садо дода буд.
Ва расман, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон, дар робита бо Рӯзи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод карда буд.