ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Таҷдиду навсозии пурраи нерӯгоҳи "Қайроққум" моҳи сентябри соли 2025 анҷом меёбад.
Дар ин бора, зимни боздиди вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз рафти таҷдид нерӯгоҳи "Қайроққум" маълум шуд.
Гуфта мешавад, ки то кунун, 5 агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, корҳои навсозӣ тибқи нақша дар агрегати охирин идома доранд.
Бо татбиқи пурраи лоиҳаи таҷдид иқтидори истеҳсолии Нерӯгоҳи барқи обии "Қайроққум" аз 126 МВт ба 174 МВт расонида мешавад. Ин ба 48 МВт афзоиш ёфтани иқтидор нисбат ба нишондиҳандаҳои қаблӣ баробар аст.
Татбиқи ин лоиҳа имконият медиҳад, ки самаранокии кори неругоҳ зиёд шуда, таъминоти барқи боэътимод ба минтақаҳои шимолии мамлакат боз ҳам беҳтар гардад.
Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз иншооти муҳими энергетикии кишвар ба ҳисоб рафта, аз 6 гидроагрегат иборат аст.
Нерӯгоҳ аз 6 чарха иборат буда, соли 1956 дар замони Шӯравӣ ба кор андохта шуд.
Корҳои таҷдидкунии ин нерӯгоҳ дар соли 2020 шурӯъ шуд, аммо хуруҷи ҳамагири COVID – 19 монеъи саривақт иҷро шудани корҳои таъмиру таҷдидкунӣ дар ин нерӯгоҳ гардид.
Таъмир тӯл кашид ва давоми беш аз панҷ сол гидроагрегатҳои №4, 5 ва 6 пурра навсозӣ гардиданд. Иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 ба 29 МВт афзоиш дода шуд.
Ин нерӯгоҳ баъд аз “Норак”, “Роғун”, “Сарбанд” аз шумори манбаъҳои муҳими барқтавлидкунӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Барқи дар ин нерӯгоҳ тавлидшуда ба системаи ягонаи барқрасонии шимоли Тоҷикистон пайваст шуда, он ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд интиқол дода мешавад.