ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Даромади умумии “Тоҷикаэронавигатсия” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар шаш моҳи соли 2025 дар маҷмуъ ба маблағи 122 миллиону 127 ҳазор сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 64 миллиону 22 ҳазор сомонӣ ё 52,4% кам аст.
Сабаби асосии чунин вазъ боз шудани масирҳои транзитии Афғонистон гуфта мешавад.
Мудири кулли ширкати “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар соҳаи аэронавигатсия вақте масъалаи транзит ба миён меояд, ягон ширкати ҳавонавардиро наметавон маҷбур кард, ки аз кадом масир парвоз кунанд ва интихоб марбути худи ширкатҳои ҳавопаймоӣ аст.
"Дар соли 2024 фазои Афғонистон тақрибан 20-30% кор мекард. Аксарияти парвозҳои транзитӣ аз фазои Тоҷикистон сурат мегирифт. Ҳоло фазои Афғонистон ба пуррагӣ кушода шуд. Аз ҳамин ҳисоб транзит тариқи фазои мо коҳиш ёфт", - гуфт Лоиқ Бегиҷонзода.
Тибқи иттилоъи расмӣ, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар нимсолаи якуми соли 2025 ба 26 ҳазору 259 ҳавопаймо ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 120 адад ё 21,3% кам хизмат расондааст.
Теъдоди парвозҳои транзитӣ 15 ҳазору 67 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 871 адад ё 31% кам аст.
Роҳи раҳоӣ куҷост?
Дар ҳамин ҳол, огаҳони ҳол бар инанд, ки идомаи ин вазъ имкони рушду густаришро аз “Тоҷикаэронавигатсия” хоҳад гирифт, зеро вобаста ба маҳалли ҷуғрофиёӣ Тоҷикистон он аҳамияти транзитиеро, ки Афғонистон дорад, надорад.
Лоиқ Бегиҷонзода мегӯяд, “Тоҷикаэронавигатсия” хеле ба сахтӣ муваффақ мешавад, то як масири транзитии ҷадидро эҷод кунад.
“Мо аз соли 2010 то 2024, яъне 14 сол бо мақомоти ҳавонавардии Чин музокирот анҷом додем, то ин ки моҳи декабри соли гузашта муваффақ шудем, масири Чинро боз кунем. Аммо, кушодани масир ба ин маънӣ нест, ки акнун ҳамаи ширкатҳо аз он истифода мекунанд. Ҳамкории миёни кишварҳо, бахусус, ҳамсояҳои мо Чину Покистон ва Афғонистон низ муҳим аст”, - гуфт мудири кулли “Тоҷикаэронавигатсия”.
Вай афзуд, ҳоло вақте ҳавопаймо аз Агвуд, нуқтаи марзии миёни Тоҷикистону Чин, вориди қаламрави Чин мешавад, нахуст 300 км бояд ба шимол, ба боло рафта, сипас ба поён ҳаракат мекунад.
“Мо боз бо чиниҳо вориди музокира шудаем, ки масирҳои дохилиро мустақим барои мо фароҳам кунанд, то тайёраҳо мустақим ба шаҳрҳои дохилии Чин, масалан, Пекин, Гуанчжоу, Ҳонконг ва ғайра ҳаракат кунанд, бидуни тағйири масир ва зиёъи вақт. Дар акси ҳол мо ширкатҳоро ба ин масири транзитӣ ҷалб карда наметавонем”, - гуфт Лоиқ Бегиҷонзода.
Огаҳони ҳол бар инанд, ки пас аз тағйири қудрат дар Афғонистон дар соли 2021 тамоми масирҳои транзитии Тоҷикистон аз фазои ин кишвар баста шуданд, ки низ ба фаъолияти “Тоҷикаэронавигатсия” таъсири манфӣ дошт.
Мудири кулли ширкат бо эътирофи ин мавзуъ гуфт, бо мақомоти ҳавонавардии Афғонистон вориди музокирот шуда, бархе аз масирҳоро боз кардаанд.
“Як масири навро ҳам бо ҳамтоёни худ дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор додаем, ки “Романов” ном дорад ва аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Пешовари Покистон тариқи Афғонистон мегузарад. Умедворем, ки соли 2026 онро ба роҳ андозем”, - гуфт Лоиқ Бегиҷонзода.
Вай афзуд, агар барои боз кардани масири Чин 14 сол талош карданд, барои боз кардани масири Афғонистон 7 сол аст, ки талош мекунанд.
Бо ин вуҷуд, бино ба додаҳои расмӣ, “Тоҷикаэронавигатсия” ба буҷети ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ дар нимаи аввали соли равон ба маблағи 51 миллиону 624 ҳазор сомонӣ андозу дигар пардохтҳоро бо назардошти андози иҷтимоиву ғайрибуҷетӣ таъмин намудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 28 миллиону 28 ҳазор сомонӣ ё 118% зиёд аст.