Мақомоти вилояти Суғд мохоҳад муҳоҷирати занонро коҳиш диҳад

Раҳбарияти вилояти Суғд коҳиши муҳоҷиратро махсусан миёни бонувон, аз масъалаҳои аввалиндараҷа хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Масъалаи рақами як - кам кардани муҳоҷират, махсусан муҳоҷирати занон мебошад.
Гуфт, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ.
"Гарчанде муҳоҷират кам шудааст, аммо ин басанда нест. Тадбирҳо барои татбиқи тарҳҳои сармоягузорию истеҳсолӣ барои фароҳам кардани ҷойҳои кории бештар идома доранд", - гуфт раиси вилоят.
Ин дар ҳолест, ки беш аз 120 табибу корманди миёнаи тиб давоми шаш моҳи охир аз Суғд ба муҳоҷират ба хориҷ рафтаанд.
Дар умум тайи шашмоҳаи аввали соли равон 152 нафар табиб ва 606 корманди миёни тиб аз кор рафтанд, иттилоъ дод идораи тандурустии Суғд.
Аз ин миён 26 табиб ва 97 корманди миёнаи тиб ба муҳоҷират ба хориҷи кишвар рафтаанд, афзуд манбаъ.
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик: аз бемориҳои сироятӣ худро ҳифз кунед
Ин ҳам дар ҳолест, ки 15 кишвари ҷаҳон хостори муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла Русия, Қатар, Арабистони Саудӣ, Корея, Олмон, Арманистон, барои ҷалби коргарон аз Тоҷикистон дархост фиристода, маоши муносиб ва ҷойи хобу хӯроки гарм ваъда доданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки аксари ширкатҳои хориҷӣ барои ҷалби коргарон аз Тоҷикистон аз 600 то 2000 доллар маош, ҷойи хоб ва се вақт ғизо пешниҳод кардаанд.