ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Баъди танаффуси зиёд корҳои омодагӣ барои ба кор андохтани корхонаи муштараки “Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ворӯ оғоз шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло азназаргузаронии техникӣ ва ба кор омода намудани таҷҳизоти мавҷудаи корхона, нақлиёт, минтақаи истихроҷи маъдан, қабули мутахассисон ва коргарон идома дорад.
© Foto / Пресс-служба председателя Пенджикента
Манбаъ қайд кардааст, ки , он дар моҳҳои наздик ба фаъолияти худ оғоз хоҳад кард.
Ҳачунин қайд карда шудааст, ки мақомот бо роҳбарияти корхона масъалаи омодагӣ ба бунёди навбати дуюми корхона, ҷудо намудани замин, ба дигар ҷой кӯчонидани истиқоматгоҳи чанд нафар сокинони деҳа, ки дар ҳудуди пешбинишудаи он ҷойгиранд, робита бо сокинони маҳаллӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба бунёди он баррасӣ карда намуданд.
Манбаъ хабар додааст, ки бунёди деҳаи нав дар наздикии деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Ворӯ, ки дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории ташкилоти байналмилалии хайриявии Шарҷа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” барои 25 оила бунёд карда мешавад, оғоз шудааст.
Мақомот барои тезонидани бунёди хонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ ба масъулин дастур додаанд.
Корхонаи “Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” дар паҳлӯи кони қалъагиву миси “Мушкистон” дар кӯҳистони Зарафшон мешавад, дар 30-километрии Панҷакент, дар деҳаи Рукнобод ҷойгир аст.