ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳалокати ду шаҳрванди хориҷӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон хабар дод.
Аммо, ин ниҳод марги як гуруҳ шаҳрвандони Афғонистон дар яке аз конҳои ангишти кишварро таъйид ва ҳам такзиб накард.
Ҳамчунин, раиси Хадамоти мазкур Санъат Раҳим, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон, дар шарҳи ин мавзуъ гуфт, ҷолиб ин аст, ки Хосе Алварес, як шаҳрванди Гондурас, ки дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун" кор мекард ва ба ҳалокат расид, худ мутахассиси назорати бехатарии техникӣ буд.
“Муҳандиси назорати техникаи бехатарӣ буд, аммо оддитарин қоидаи бехатариро нақз карда, дар вақти кори лентаи конвейер ба тоза кардани он мепардозад. Лентаро тоза карданӣ мешавад, ки дасташро мебурад. Аз рӯи қоидаи бехатарӣ ҳангоми чарх задани лента ва кор кардани қисмҳои механикӣ дар наздикии онҳо кор кардан қатъиян манъ аст”, - гуфт Санъат Раҳим.
Хосе Родолфо Лопез Алвареси 51-сола, зодаи Гондурас буд, ки ба ҳайси супервайзери хатти конвейерии намояндагии ширкати итолиёии “Вибилд С.п.А” дар Тоҷикистон, як ширкати паймонкори Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” кор ва муваққатан дар хобгоҳи шаҳраки сохтмонии маҳал зиндагӣ мекард.
Бино ба санади расмии тафтиши ҳодисаи нохуше, ки мӯҷиби марги ӯ шудааст, мавсуф тақрибан соати 2-ву 20 дақиқаи 12 январи соли равон бо воситаи белчаи худсохт хостааст барабанҳои хати конвейерии фаъолро тоза кунад, аммо белча ва як қисми бадани ӯ дар байни барабанҳо ва лентаи конвейерӣ дар монда, мӯҷиби ҳалокати ӯ мешавад.
Аммо, Алварес танҳо хориҷие нест, ки замони кор дар Тоҷикистон ба ҳалокат расида бошад. 3 майи соли равон дар яке аз нақбҳои кони “Дуобаи Шарқӣ” – и ширкати “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” низ ҳодисаи нохуш рух дод.
Дар пайи он Дуан Ючен, шаҳрванди Чин, пармагари як ширкати паймонкори чинии “Чжесзян Сзянхуэй Инжиниринг” дар Тоҷикистон таги овори ангишт монда, ҷони худро аз даст додааст.
Дар умум, бино ба иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон 18 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки ба шумули ду хориҷии фавқуззикр, бақия шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Теъдоди захмиён ба 20 нафар расидааст, ки яке шаҳрванди Чин ва бақия тоҷикистонианд.
Бо "афғонҳо" чӣ иттифоқ афтод?
Дар ҳамин ҳол, директори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон дар шарҳи хабари ҳалокати 8 шаҳрванди Афғонистон дар яке аз конҳои ангишти ноҳияи Айнӣ, ки моҳи май дар расонаҳо нашр шуд, гуфт, дар бораи ин ҳодиса аз шабакаҳои интернет хабар ёфтааст.
“Тибқи Қонун дар бораи гузарондани тафтишоти ҳодисаҳои нохуш, оғоз тафтиш ва таъсиси комиссияи тафтишотӣ дар асоси мактуб ё барқияи фаврии худи корхона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё беморхона сурат мегирад. Аммо аз ин се марҷаъ ягон мактуб ё барқияи телефонӣ нагирифтем”, - гуфт Санъат Раҳим.
Вай афзуд, мо мустақим бо корхона тамос гирифтем, он ҷо гуфтанд, ки ягон ҳодисаи нохуш иттифоқ наафтодааст ва ин афроде, ки аксҳҳояшон дар интернет нашр шудаанд, коргарони онҳо нестанд.
“Баъд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ тариқи телефон тамос гирифтем, онҳо ҳам гуфтанд, ки аз чунин ҳодиса хабар надоранд. Ба беморхонаҳои ин ноҳия занг зада, аҳвол пурсидем, гуфтанд, ки касе ба онҳо муроҷиат накардааст. Аз ин хотир, мо асос барои шуруъи тафтиши ҳодисаро надоштем.”, - гуфт Санъат Раҳим.
Вай афзуд, эҳтимолан ин афрод дар ягон ҷой дар қайди расмӣ қарор надоштанд,.дар қайди ягон корхона нестанд.
Моҳи майи соли равон расонаҳои Афғонистон аз ҳалокати ҳашт сокини вилояти Дойкундии ин кишвар дар Корхонаи металлургии тоҷик дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон хабар доданд, ки бар асари таркиши гази метан дар яке аз нақбҳо иттифоқ афтодааст.
Раҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ангиштсанге, ки дар ноҳияи Айнӣ аст, хавфи таркидан надорад.
“Хавфи сӯхтан дорад, аммо дар натиҷаи таркиши гази метан, ки гуфта шудааст, дуруст нест. Гази метан дар ангишти ноҳияи Айнӣ нест”, - гуфт Санъат Раҳим.
Аммо вай гуфт, агар тарафи Афғонистон ягон санад дошта бошад, пешниҳод кунад, мо даст ба кор мешавем.
Бино ба Қонуни ҳифзи меҳнати Тоҷикистон, хонаводаи ҳар шахси фавтида ҳангоми кор ба андозаи 60 музди маош ва агар нафақахӯр бошад, ба андозаи нафақааш ҷубронпулӣ ва ҳар нафаре, ки ҷароҳат бардоштааст, ба андозаи 12 музди маош кӯмаки яквақта дарёфт мекунад.
Соли равон, бино ба иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, ҷубронпуливу кӯмакҳои яквақтаи тамоми ҷабрдидагон пардохт шуда, дар миёни онҳо маблағи бузургтарин ба андозаи 130 ҳазор евро ба хонаводаи Хосе Алварес, шаҳрванди Гондурас, дода шудааст.