Таҳкими ҳамкорӣ: Тоҷикистону Муғулистон 10 санади нав имзо карданд

Миёни Тоҷикистону Муғулистон дар соҳаҳои гуногун 10 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсу ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Муғулистон таъкид кардааст, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Тоҷикистон Барномаи ҳамкориҳо ва Роҳкори соҳавии амалҳои муштаракро оид ба афзоиши гардиши мол барои солҳои наздик ва таъсиси Шурои соҳибкории Тоҷикистон ва Муғулистонро пешниҳод кард.
Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши чорводорӣ, соҳаҳои саноати коркард, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод гардидаанд.
Кишвардорон ба масъалаи рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар, ҳамчун шакли муассири густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ таваҷҷуҳ кардаанд.
Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ баррасӣ шудааст. Ҳамакнун дар Душанбе, Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мешавад.
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мешавад
Тарафҳо, ҳамчунин, аз тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм, маориф, васоити ахбори омма, осорхонаҳо, сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ намудаанд.
Дар ин росто миёни Тоҷикистон ва Муғулистон 10 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд:
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни ВУХ Тоҷикистон ва ВУХ Муғулистон;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энержии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамии Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ;
Ёддошти тафоҳум дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”;
Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ва Осорхонаи миллии Муғулистон.