Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мешавад

Фарҳангиёни Муғулистонро дар доираи ин барнома бо мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе низ ошно месозанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегардад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон дар доираи сафари президенти ин кишвар Ухнаагийн Хурелсух, ки рӯзҳои 23-26 июл дар назар аст, баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки барномаи фарҳангӣ 24 июл, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ дар саҳни бинои театр ҳунарҳои мардумии Муғулистон ба намоиш гузошта мешаванд.
Созишномаи ИИАО бо Муғулистон ва АМА ба боҷҳо таъсир мерасонад
Инчунин дар доираи ин рӯзҳо, ҳунармандони Муғулистонро бо мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ошно месозанд.
Мақсад аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат гуфта мешавад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд.