ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Нозирони навраси Тоҷикистон аз ҳисоби даставӣ дар “Озмуни байналмилалии Нозирони навраси ҳаракат” мақоми сеюмро гирифтанд.
Дастаи Тоҷикистонро наврасони ҳаракати МТМУ №42-и шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии шаҳрдори Душанбе.
Онҳо аз рӯи намудҳои "Азназаргузаронии сафороӣ" сазовори ҷойи якум, "Танзимгари наврас" сазовори ҷойи дуюм ва "Пурдонҳо" сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
“Озмуни байналмилалии Нозирони навраси ҳаракат" дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар озмун, ки аз 16 то 19 июли соли 2025 баргузор шуд, ҳамчунин намояндагони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон ва Белорус ширкат карданд.
Пештар хонандагони тоҷик дар олимпиадаи Infomatrix - Asia 2025 бомуваффақият баромад карда чор медал ба даст оварданд.
Намояндагони Тоҷикистон тавонистанд дар ин олимпиада 2 ҷои дуюм ва 2 ҷои сеюмро ба даст оранд.