ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тоҷикистон шарики боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ ва ИДМ мебошад ва кишварҳо барои рушди ҳамкорӣ иқтидори назаррас доранд.
Дар ин бора, муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Николай Журавлёвдар пайи ҷаласаи 14-уми Комиссияи ҳамкории Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар чунин мулоқоти вакилони порлумон метавон ҳам дар мавриди бархӯрд ба кори қонунгузорӣ мувофиқат кард ва ҳам масоили мушаххаси ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.
"Ҳамкории мо бар пояи эътимод, эҳтиром ва манфиатҳои муштарак бунёд шудааст", - навиштааст Журавлёв дар канали Telegram-и худ.
Вай гуфт, ки сатҳи баланди ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон хидмати сарони кишварҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон аст. Мулоқоти сарони давлатҳо дар Маскав, замони таҷлил аз 80-солагии Ғалаба, далели равшани ягонагии халқҳои мо дар ҳифзи хотираи таърихӣ мебошад.
"Ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд: ҳудуди 27,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Дар соли хониши 2024-25, 1 ҳаз. квота ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 100 адад бештар аст. Дар ҳудуди кишвар филиалхои Донишгҳои давлатии Маскав ва Славянӣ бомуваффақият фаъолият мекунанд".
Ӯ ҳамчунин таваҷҷуҳ кард, ки Русия ва Тоҷикистон дар мубориза алайҳи таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир низ якдил ҳастанд.
"Нигоҳ доштани ҳамоҳангии амалҳо дар доираи СММ, СПАД, СҲШ ва ИДМ муҳим аст", - таъкид кард ӯ.
Қаблан Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсия изҳор дошт, ки қонунгузорони ду кишвар барои иҷрои вазифаҳои ба миён гузоштаи сарони давлатҳо ҳамкории фаъол доранд.