Сохтмони манзил дар ҳудуди кишварҳои ИИАО зиёд шудааст

Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бештар аз ҳама дар Қирғизистон ва Арманистон манзил сохта шуда, ба баҳрабардорӣ расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сохтмони хона ва ба истифода додани он дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 6,3% афзудааст.
Ин нишондиҳанда аз омори моҳҳои январ-апрели соли 2025 бармеояд, ки ҳаҷми ба истифода додани манзил нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 - 6,3% афзуда, 45 492 ҳазор метри мураббаъро ташкил додааст.
Дар ин бора, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё гузориш додааст. Бештар аз ҳама дар ду кишвари ҳудуди ИИАО манзил сохта шудааст.
Афзоиши сохтмони манзил:
Арманистон – 53,6%,
Қирғизистон – 22,2%,,
Белорус– 12,1%,
Қазоқистон – 6,8%,
Русия – 5,7%.
Пештар дар бораи фзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ барои харидории манзил дар ҳудуди кишварҳои ИИАО хабар дода шуд.
Суръати баландтарини афзоишро Арманистон (57,7%) ва Қирғизистон (59,3%) нишон доданд.
Бунёди иншооти таъйиноти иҷтимоӣ дар ИИАО ва Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.