ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Тянҷзини Чин аз рушди беохири созмон ва ифтитоҳи марказҳои нав сухан гуфт.
Зимни суханронӣ дар ин нишаст, Лавров гуфт, Русия ва Чин омодаанд, Созмони ҳамкориҳои Шанхайро ба сатҳе бирасонанд, ки “болоравии бепоён” дошта бошад.
Ҳамчунин вазир аз бозкушоии Марказҳои нави СҲШ дар Тоҷикистон ва ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ хабар дод.
Интизор меравад, ки онҳо барои мубориза бо таҳдидҳои террористӣ имкониятҳои нав фароҳам меорадДар се кишвари Осиёи Марказӣ марказҳои нави Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таъсис дода мешаванд.
Вазир гуфт, марказҳо дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон кушода мешаванд.
Ҳамин тариқ, дар Душанбе Шӯъбаи мубориза алайҳи маводи мухаддир, дар Тошканд маҷмааи универсалии мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо ва дар Бишкек созмони мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил таъсис дода мешавад.
"Пас аз ислоҳот ин сегона барои СҲШ ҷиҳати мубориза алайҳи таҳдидҳои террористӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки аксаран боиси ҷиноёти ифротгароӣ мешавад, имкони изофӣ фароҳам меорад", - гуфт Лавров.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз сӯи раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. Баъдтар Ҳинд, Покистон, Белорус ва Эрон ба ин созмон шомил шуданд.