ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар пайи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, рӯзҳои 11 - 13 уми июл роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят баста мешаванд.
Дар ин бора, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Рӯзи 13-уми июл, ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) тариқи кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, Раҳим Ҷалил, Исмоилӣ Сомонӣ, 25-солагии Истиқлолият, Камоли Хучандӣ баста мешавад.
Роҳбандӣ дар Хуҷанд
© Sputnik
Ҳамчунин, роҳи мошингарди Ғафуров-Хучанд тариқи кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров, Гагарин, Куруши Кабир, Бобоҷон Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) маҳдуд хоҳад шуд.
Қарор аст, дар ин рӯзҳо раисиҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳру рустоҳои Суғд боздид карда, як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
Раҳбарияти Раёсати давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар вилояти Суғд аз тамоми ронандагон даъват кард, ки дар давоми маҳдудиятҳои муваққатӣ ҳаракати худро дар роҳҳои ҳамсоя идома диҳанд.