ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳаракати нақлиёт дар як қатор ҷоддаҳои Панҷакент маҳдуд мешавад.
Ин ба сафари меҳмонони воломақом аз Душанбе ба вилояти Суғд марбут аст, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Раёсати назорати давлатии автомобилии ВКД дар вилоят.
Маълум аст, ки дар маҷмӯъ роҳҳо се рӯз - аз 11 то 13 июл баста мешавад.
Ҳамин тавр рӯзи 12 июл роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент тариқи кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, хиёбони Рӯдакӣ то фурудгоҳи ин шаҳр баста хохад буд.
Роҳбандӣ дар вилояти Суғд
© Sputnik
Ҳамчунин роҳҳои мошингарди ноҳияи Деваштич тариқи кӯчаҳои марказии деҳаҳои Қалъаи Дӯст ва Басмандаи ноҳияи Деваштич баста мешаванд.
Роҳбандӣ дар вилояти Суғд
© Sputnik
Қарор аст, дар ин рӯзҳо раисиҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳру рустоҳои Суғд боздид карда, як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
Раҳбарияти Раёсати давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар вилояти Суғд аз тамоми ронандагон даъват кард, ки дар давоми маҳдудиятҳои муваққатӣ ҳаракати худро дар роҳҳои ҳамсоя идома диҳанд.