ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Давоми моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ аз Федератсияи Русия ба вилояти Суғд 89, 3 ҳаз. тон маводи сӯхт ворид шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз Идораи кишоварзии Суғд дар такя ба маълумоти идораи гумрук иттилоъ доданд.
Бар пояи иттилоъи оморӣ ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ аз Русия ба вилояти Суғд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 60% ё 33, 2 ҳаз. тон дар муқоиса ба ҳаминин давраи соли қаблӣ афзудааст.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд бо ишора ба маълумоти идораи гумрук гуфт, дар умум давоми ним соли охир ба Суғд 89, 5 ҳаз. тон маводи сӯхт аз хориҷи кишвар ворид шудааст.
"Аз омори идораи гумрук бармеояд, ки беш аз 95% ё 89, 3 ҳаз. тон воридоти маводи сӯзишворӣ аз Федератсияи Русия сурат гирифтааст” – иттилоъ дод, Маҳмудзода.
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз ҷумла бензину газу солярка дар воситаҳои нақлиёт ба таври фаровон истифода бурда мешавад.
Дар оғози фасли тобистон нархи ҳамагуна маводи сӯхт дар Тоҷикистон аз моҳҳои қаблӣ арзон шуд.
Бино ба тоблӯи ширкатҳо ҳоло бензин, солряка ва гази моеъро бо чунин нарх харидан имконпазир аст:
АИ 92 – 9,6 сомонӣ
АИ 95 – 9, 8 сомонӣ СД (ДТ) – 9, 8 - 10 сомонӣ
Гази моеъ – 5, 2 - 5 сомонӣ
Арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфт?
© Sputnik
Роҳбарони ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ як сабаби коҳишёбии нархро ба бештар шудани ҳаҷми воридоти мол шарҳ медиҳанд.