Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зарбаи гурӯҳии артиши Русия ба фурудгоҳҳои низомии Украина

Вазорати дифои Русия аз зарбаҳои артиш ба фурудгоҳҳои Украина хабар дода гуфт низомиён зарбаҳои г гурӯҳӣ бо мушакҳои дақиқ анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки шаби чаҳоршанбе нерӯҳои Русия бо силоҳҳои дақиқ ба фурудгоҳҳои низомии Украина ҳамлаи гурӯҳӣ анҷом доданд.
"Зарбаи гурӯҳӣ бо аслиҳаи мушакҳои дурпарвоз, аз ҷумла мушакҳои гиперсоники аэроболистии “Кинжал” ва ҳавопаймоҳои бесарнишини дурпарвоз ба зерсохтори фурудгоҳҳои ҳарбӣ анҷом дода шуд", - омадааст дар изҳороти вазорати дифоъ.
Вазорат қайд кардааст, ки ҳама ҳадафҳо нобуд карда шуданд.
Ба навиштаи расонаҳои украинӣ, шаби гузашта дар пайи ҳушдори ҳамлаи ҳавоӣ дар шаҳрҳои Харков, Полтава ва Лутск силсилаи таркишҳо садо доданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сарфармондеҳи артиши Украина бартарии қудрати Русияро эътироф кард
Тавре хабаргузориҳо хабар доданд, нерӯҳои Русия ба фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои ҳавоии Полтава, Житомир, Конотоп, Миргород, Нижин, Лутск, Львов ва вилояти Киев зарба заданд.
Дар посух ба ҳамлаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба зерсохтори ғайринизомӣ, артиш барои зарба задан ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои маҷмааи саноатии Украина аз аслиҳаи дақиқ, мушакҳои баҳрӣ ва заминӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода мекунад.