Раҳмон: Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд ҳамкориро дар соҳаи гидроэнергетика рушд диҳанд

Раҳбари Тоҷикистон мегӯяд, ки захираҳои бузурги “энергетикаи сабз”-и кишварҳо метавонад ба манфиатҳои на танҳо ҳар ду кишвар, балки тамоми минтақа хизмат кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар форум иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид кард, ки вақтҳои охир миёни ду кишвари ҳамсоя тамоюли афзоиши ҳаҷми гардиши мол мушоҳида мешавад.
Вай илова кард, дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ, инчунин ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ низ рушд меёбанд.
Кишвардори Тоҷикистон изҳор дошт, ки тавофуқҳо аз рӯйи музокироти имрӯза бадастомада барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо, ки бар принсипҳои хамсоягии нек ва дӯстии устувор асос ёфтаанд, заминаи боэътимод мегарданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин фаъолсозии робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар таъкид кард.
Вусъат додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байниминтақаҳои ду кишвар бисёр муҳим арзёбӣ карда шуд.
Раисҷумҳур зимни суханрониаш дар форум дар бораи иқтидори зиёди табиии Тоҷикистон ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар таъкид кард.
Вай иброз дошт, ки дар қонунгузории Тоҷикистон барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳо ва кафолатҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.
Имзои 14 санади ҳамкориву ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ: Ҳосили сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон
Ҳамчунин раисҷумҳур дар бораи яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар ҷодаи сармоягузорӣ таъкид кард
Эмомалӣ Раҳмон ба рушди иқтисоди “сабз” ишора кард.
Таъкид кард, ки Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд ҳамкории судмандро дар соҳаи гидроэнергетика рушд диҳанд.
“Захираҳои бузурги “энергетикаи сабз”-и ҷонибҳо метавонад ба манфиатҳои на танҳо ду кишвар, балки тамоми минтақа хизмат кунанд”, - гуфт ӯ.
Кишвардори Тоҷикистон пешниҳод кард, ки соҳибкорон ва ҷонибҳои манфиатдор дар соҳаҳои гуногуни саноат низ шарикии мутақобилан судмандро ба роҳ монанд.
Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони форумро ба дурнамою густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту логистика, кишоварзӣ, инчунин бахшҳои молия ва бонкӣ ҷалб намуд.
Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон барои якҷо пеш бурдани сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва солимгардонӣ бо Қирғизистонро таъкид намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ҳар ду кишвар бояд ҳамаи зарфияту иқтидорҳои мавҷударо барои рушди иқтисоди кишварҳо ва баланд бардоштани некуаҳволии мардумон истифода намоянд.