Дӯстии абадӣ: шоми Раҳмон ва Ҷабборв дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

Раҳмон ва Ҷабборов шомгоҳӣ дар Бӯстонсаройи шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон сайр карданд ва консерти ҳунармандони тоҷику қирғиз, таҳти унвони "Дӯстии абадӣ"-ро дар Кохи Борбад тамошо намуданд
Sputnik
1 / 11

Дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон ба кишвардорон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ пешкаш гардид.

2 / 11

Президенти Тоҷикистон ба ифтихори меҳмон, маҳфили “Шоми дӯстӣ” барпо намуд.

3 / 11

Президентҳо аз намоиши маҳсулоти тару тоза, аз қабили меваю сабзавот дидан карданд.

4 / 11

Дар роҳравҳои алоҳидаи бӯстонсаро навъу намудҳои мухталифи маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ороёфта, ба меҳмонон пешкаш гардид.

5 / 11

Пасон, президентҳо ба тамошои барномаи ҳунармандони тоҷику қирғиз таҳти унвони "Дӯстии абадӣ" ба Кохи Борбад рафтанд.

6 / 11

Барномаи фарҳангӣ тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон буд.

7 / 11

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон - Нигина Амонқулова низ дар назди кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон ҳунарнамоӣ кард. Ӯ чун ҳамешагӣ пироҳани зебо, ки аз матоъи миллӣ - атлас дӯхта шудааст ба бар карда буд.

8 / 11

Чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба мебошад.

9 / 11

Дар консерт ҳунарманди қирғиз низ ҳунари худро пешкаши ҳаводорон карданд.

10 / 11

Барномаи “Дӯстии абадӣ” аз шеъру суруд ва рақсҳои зебои ансаблҳои номии ду кишвар иборат буд.

11 / 11

Консерт бо барномаи рангини аҳли фарҳангу санъати ду кишвар ҷараён гирифт.