Дар ИИАО иқтисоди кадом кишвар бештар рушд кардааст?

Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Қирғизистон дар семоҳаи якуми соли равон аз рӯйи рушди иқтисодӣ миёни кишварҳои ИИАО пешсаф аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Қирғизистон дар семоҳаи аввали соли 2025 суръати баландтарини рушди иқтисодиро миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) нишон дод.
Бино иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар 13,1% афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра афзоиш дар ҳамаи "панҷ" давлатҳо мушоҳида шудааст:
Қазоқистон – 5,6%;
Арманистон – 5,2%;
Беларус - 3,1%;
Русия - 1,4%.
Маҷмӯи маҳсулоти умумии иттиҳодия 2 фоиз афзудааст.
Ҳиндустону ИИАО дар бораи таъсиси минтақаи озодии тиҷорати гуфтугӯ доранд
Маврид ба зикр аст, ки ИИАО Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Белорусро шомил мебошад.