Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Сарфармондеҳи артиши Украина бартарии қудрати Русияро эътироф кард

Фармондеҳони қувваҳои мусаллаҳи Украина ахиран бартарии артиши Русияро дар майдони ҷанг эътироф карданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина Александр Сирский қудрати артиши Русияро эътироф кард.
“Русия талошҳои асосии худро мутамарказ карда, тамаркузи бештари нирӯҳоро ба вуҷуд овардааст ва мутаассифона, дар қудрат ва воситаҳо ба таври қобили мулоҳиза бартарӣ дорад", - шикоят кард ӯ.
Сирский афзуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина вазифадоранд, ки вазъро дар "самтҳои таҳдидкунанда" ба эътидол оваранд.
Рӯзи душанбе раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Донетск Денис Пушилин гуфт, ки нерӯҳои Русия дар чанд самти ҷабҳа пешравӣ доранд.
“Ҷанговарон мавкеъхои худро дар минтақаи Часовой Яр беҳтар карданд, озод кардани шаҳр дар ояндаи наздик пешбинӣ шудааст, ки ин ба Константиновка расидан имкон медихад”, - гуфт ӯ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Telegraph: Қатъи кӯмаки низомии ИМА метавонад Киевро бидуни падофанди ҳавоӣ гузорад
Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Пушилин дар самти Великоновоселковская деҳаи муҳим — Поддубное озод карда шуд, нерӯҳои Русия минтакаи назорати худро васеъ карданд.
Як рӯз пеш вазорати дифои Русия аз тасарруфи Дачное дар вилояти Днепропетровск ва Бесаловка дар самти Сума хабар дод.