ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон 2836 ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ошкор шудааст.
Дар ин бора прокурори вилоят Авазҷон Назарзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди зертобеяш иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи вай, ин миқдор қонуншиканӣ дар самти истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар пайи 67 санҷиш муаян ва барқарор шуд. Зарари расида, ба гуфти Назарзода 77,5 миллион сомониро ташкил дод, ки барқарор карда шуд.
Мақомдор таъкид кард, ки аз рӯйи ин ҳолатҳо 73 парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан муовини Прокурори генералӣ Сарвар Азимзода зимни ҷаласае гуфт, ки танҳо дар панҷ моҳ зимни санҷишҳо дар НТМ барои истифодаи ғайриқонунии барқ 130 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуданд.
Ҳамчунин, зиёда аз 39 миллион сомонӣ зарари ошкоршуда, аз истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва тассаруфи молу таҷҳизот ба ҳисоби давлат барқарор карда шуда, зиёда аз 200 млн сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқ рӯёнида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро имзо карда буд, ки дар он масъулият барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пешбинӣ шудааст.
Ин иқдом дар пасманзари афзоиши қарзи корхонаҳои таъмини нерӯи барқ, ки ба гуфтаи вазорати энержии Тоҷикистон, беш аз 1,2 млрд сомонӣ (қариб 115 млн доллар) аст, матраҳ шудааст.
Ӯ аз мақомоти марбута хост, ки бо мақсади пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар низоми энергетикии мамлакат, ба роҳ мондани назорати ҷиддии истифодаи неруи барқ ва комилан аз байн бурдани талафоти ғайритехникии он тамоми чораҳоро биандешанд.