ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар лағви нишони бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хабар додааст.
Ин маросим дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД, ки дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон идома дорад, баргузор шуд.
Дар он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон, ба ҷуз Арманистон низ ширкат доштанд.
Почтовая марка, посвященная 80-летию Победы в ВОВ
© Фото : Пресс-служба МИД КР
Ёдовар мешавем, ки имсол дар Маскав ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашни бошукӯҳ баргузор шуд.
Дар гузашти низомӣ раҳбарони қариб 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд.
Низомиёни 13 кишвар – Озарбойҷон, Ветнам, Беларус, Миср, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Мянмар, Туркманистон ва Узбакистон аз Майдони Сурх гузаштанд.
Тоҷикистонро имсол ҳудуди 100 афсари нерӯҳои мусаллаҳ намояндагӣ карданд.