ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Мутахассисони Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ҳеҷ нишонаеро дар бораи тавлиди силоҳи ҳастаӣ дар Эрон сабт накардаанд.
Дар ин бора директори генералии МАГАТЭ Рафаэл Гроссӣ зимни мусоҳибае бо CBS News изҳор дошт.
"Бисёр одамоне буданд, ки мегуфтанд: "Дар гузориши худ шумо бояд бигӯед, ки онҳо силоҳи ҳастаӣ доранд ё ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ хеле наздиканд." Ва мо ин корро накардем ... зеро мо инро надидаем",- афзуд вай.
Ҳамзамон ӯ гуфт, ки мақомоти Эрон ба "баъзе суолҳои муҳим" посух надодаанд.
Раҳбари МАГАТЭ тавзеҳ дод, ки коршиносон дар ҷойҳое осори ураниум пайдо кардаанд, ки таъсисоти ҳастаӣ эълон нашудаанд. Оҷонсӣ дар ин бора шарҳи эътимодбахш нагирифтааст.
Дар робита ба ин, Рафаэл Гроссӣ гуфтааст, ки коршиносони МАГАТЭ бояд бозрасии таъсисоти ҳастаии Ҷумҳурии Исломиро аз сар бигиранд.
Ба гуфтаи номбурда, коршиносони МАГАТЭ ҳамеша вазъ дар атрофи барномаи ҳастаии Эронро хеле ростқавлона арзёбӣ кардаанд.
Раиси ин ниҳод бар ин назар аст, ки барои аз сар гирифтани корҳои ғанисозии уран ба Эрон чанд моҳ лозим аст. Теҳрон бо вуҷуди хисороти ҷиддие ба таъсисоти ҳастаиаш дар натиҷаи ҳамлаҳои Амрико то ҳол тавони ин корро дорад.
Рӯзи 28 июн мақомоти Эрон гуфтанд, ки дигар ба директори генералии МАГАТЭ Рафаэл Гроссӣ дастрасӣ ба таъсисоти ҳастаияшро иҷоза намедиҳанд.
Дар ин бора ноиби раиси порлумони Эрон Ҳамидризо Ҳоҷӣ Бобоӣ изҳор дошт ва таъкид кард, ки ҳамчунин ба ин ниҳод иҷоза намедиҳанд, ки дар он ҷо назорати видеоӣ анҷом диҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Лавров раиси МАГАТЭ Гроссиро интиқод кард, ки ба Эрон фишор овардааст, то дар куҷо нигоҳ доштани урани ғанишудаашро ошкор кунад.
"Ӯ талаб мекунад, ки дастрасӣ ба таъсисоти ҳастаии Эронро бубинад, ки "чӣ рӯй медиҳад", аммо кафолатҳо аз ихроҷ дар куҷоянд? Ҳеҷ чиз вуҷуд надорад", - гуфт Лавров.
"Ин ҳамон қисса аст - "назар кардем, чизе наёфтем, пинҳон кардӣ, ҳоло куҷо нишон деҳ." Ва ин суханро раиси як ниҳоди "муҳтарам" мегӯяд",- афзуд вазири хориыаи ФР.