ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни бозхдид аз сохтмони НБО “Себзор” хабар дод, ки агрегати аввали неругоҳ дар даҳаи сеюми моҳи июни соли равон ба кор андохта мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
“Ба истифода додани агрегати аввали неругоҳ бо иқтидори 3,6 мегаватт дар даҳаи сеюми моҳи июни соли равон дар назар дошта шуда, корҳои омодагӣ барои ба таври озмоишӣ ба кор андохтани он дар марҳалаи ниҳоӣ қарор доранд”, - қайд кард Далер Ҷумъа.
Хабар дода шудааст, ки Зимни боздид масъулон оид ба раванди корҳои сохтмонӣ ва насбу васлкунии таҷҳизоти техникии неругоҳ ҳисобот доданд.
Вазири энергетика қайд кардааст, ки неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори умумии 11 мегаватт яке аз лоиҳаҳои муҳими стратегӣ ва инфрасохторӣ дар самти таъмини устувору боэътимоди неруи барқ ба минтақаи дурдасти кӯҳистони кишвар маҳсуб ёфта, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани он, дар таъмини қувваи барқи доимӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ нақши муҳимеро хоҳад бозид.
Ёдовар мешавем, ки неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара сохта шуда истода, баъди мавриди истифода қарор гирифтанаш, иқтидори умумии энергетикии ВМКБ 25 дарсад зиёд мешавад.