Расонаҳо: Эрон имкони зарба задан ба даҳ пойгоҳи Амрикоро дорад

Бояд гуфт, пойгоҳҳои ҳарбии Амрико дар якчанд мамлакат қарор дошта, Эрон имкони мавриди ҳамла қарор додани даҳтои онҳоро дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дастикам даҳ пойгоҳи низомии Амрико дар Ховари Миёна дар ҳудуди мушакҳои Эрон қарор доранд.
Ин маълумот аз тасвирбаёне бармеояд, ки оҷонсии Tasnim омода кардааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Тибқи тасвирбаён, мушакҳои Эрон метавонанд ба пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Ироқ, Қатар, Арабистони Саудӣ, Кувайт, АМА, Уммон, Сурия ва Туркия зарба зананд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи панҷшанбе Bloomberg бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки мақомоти баландпояи Амрико ба эҳтимоли ҳамла ба Эрон дар рӯзҳои наздик омодагӣ мегиранд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Амрикоиҳо бидонанд миллати Эрон таслим шуданӣ нест
Бархе аз ҳамсӯҳбатони оҷонсӣ гуфтаанд, ки ҳамла эҳтимол рӯзҳои истироҳатӣ сурат гирад.
Ба гуфтаи яке аз манобеъ, раҳбарони бархе аз ниҳодҳои федеролӣ низ ба омодагӣ ба ин ҳамла шурӯъ кардаанд.
Аз ин пеш расонаҳои ҷаҳонӣ навиштанд, ки Эрон барои зарба задан ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна мушакҳо омода кардааст ва Амрико ҳудуди 30 ҳавопаймои сӯзишворӣ ба Аврупо фиристодааст.