Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург-2025

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки дар ҳайати Тоҷикистон, ки дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург иштирок менамоянд, киҳо хоҳанд буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, ки аз 18 то 21 июн дар Русия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
"Дар кори Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода ва директори генералии "ТоҷИнвест" Дилшод Ҷӯразода иштирок менамоянд кунанд", - хабар доданд дар сафорат.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 18 то 21 июн баргузор мешавад. Мавзӯи аслии Форум ин дафъа “Арзишҳои умумӣ – асоси рушд дар ҷаҳони бисёрқутбӣ” мебошад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз соли 1997 гузаронида шуда, аз соли 2006 инҷониб Форум таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки раисҷумҳури Русия гузаронида мешавад. Чорабинӣ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Русия ва Тоҷикистон барои рушди металлургия ва истихроҷи маъдан тавофуқ кардаанд.
Ба гуфтаи котиби масъули кумитаи тадорукот Антон Кобяков, ширкат дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург-2025 аз ҷониби намояндагони 140 кишвар тасдиқ шудааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 20-уми июн дар ҷаласаи умумии Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург хоҳад кард.