Дар Суғд фарогири кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ қонеъкунанда нест

Столовая в детском саду в городе в Душанбе
Масъулони вилоят нақша доранд сатҳи фарогирии кӯдаконро то соли 2027 зиёд намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон бо вуҷуди сохтмони муассисаҳои зиёди томактабӣ ҳамонон фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ қонеъкунанда нест.
Ба иттилои мақомоти ин вилоят, 284 муассисаи таҳсилоти томактабӣ беш аз 47 ҳазор кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст, аммо ин рақам ҳанӯз кофӣ нест.
Аз ин рӯ, мақомот қасд доранд дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027" сатҳи фарогирии кӯдаконро то соли 2027 зиёд намоянд.
Дар доираи "Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2025" дар шаҳру навоҳии вилоят 33 бинои нави кӯдакистон сохта шудааст.
Министр образования и науки Республики Таджикистан Рахим Саидзода посетил ряд дошкольных образовательных учреждений в районах Фирдавси и Сино города Душанбе
Вазири маориф аз шароит ва таълим дар кӯдакистонҳои Душанбе интиқод кард
Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯяд, ин мушкилӣ дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони ватанӣ метавон бартараф кард. Аллакай дар ин самт корҳои зиёд анҷом ёфтааст. Аз ҷумла, соли 2024 бо ҷалби соҳибкорон 8 муассисаи нави томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамчунин дар ноҳияи Мастчоҳ имсол 4 кӯдакистон тавассути ҳашар ва 3 кӯдакистон бо ташаббуси соҳибкорон бунёд гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат соли гузашта зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки дар арафаи ҷашни 35 - солагии истиқлол бунёди муассисаҳои томактабиро суръат бахшанд.