Аҳмадзода гуфт дар панҷ сол чӣ қадар сармоя ба иқтисоди вилоят ҷалб шудааст

Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки дар қаламрави вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 250 млн доллар амалӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ”, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд гуфт, ки танҳо дар панҷ соли охир ба иқтисодиёти вилояти Суғд беш аз 4 млрд доллар сармоя ҷалб гардидааст.
Вай илова кард, ки айни замон дар қаламрави вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 250 млн доллар амалӣ шуда истодааст.
Ҳамчунин раиси вилоят таъкид намуд, ки то соли 2030 дар доираи саноатикунонии босуръати кишвар афзоиши коркарди ашёи хом, рушди истеҳсолоти дохилӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар мадди аввал қарор доранд.
Зикр шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят минтақаҳои саноатӣ фаъолият дошта, дар шаҳри Хуҷанд Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” муҷаҳҳаз бо инфрасохтори зарурӣ фаъолият дорад, ки барои сармоягузорони хориҷӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст.
Раҷаб Аҳмадзода самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, сохтмони гармхонаҳои муосир, рушди соҳаи дорусозӣ ва заргарӣ, инчунин рушди туризми экологӣ ва таърихиро ҳамчун бахшҳои умедбахши сармоягузорӣ номбар кард.
Таваҷҷуҳи корхонаҳои вилояти Суғди Тоҷикистон ба технологияҳои вилояти Тюмени Русия
Вай ҳамчунин дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистонро барои рушди соҳаи туризм ва муҳайё намудани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба сармоягузорон таъкид карда, ҳамкориро дар самти илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг омили муҳими робитаҳои башардӯстона арзёбӣ намуд.
Дар Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ”, як қатор масъулину намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои молиявию байналмилалӣ иштирок доранд.
Қайд карда шудааст, ки Форуми байналмилалии “Имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” ҳамчун иқдоми муҳими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавию байналмилалӣ, саҳми босазо дар рушди иқтисоди миллии кишвар хоҳад гузошт.