Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин озими Тоҷикистон шуд

Премьер-министр РФ М. Мишустин спускается по трапу
Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 5 июн ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди пойтахти Тоыикистон шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Русияро намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 5 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад.
Сарвазири Қазоқистон ва раиси Девони вазирони Қирғизистон вориди Душанбе шуданд
Сарвазири Қазоқистон ва раиси Девони вазирони Қирғизистон вориди Душанбе шуданд.
Хотиррасон мешавем, ки дар соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зиммаи Тоҷикистон мебошад.
Қаблан сарвазирҳои Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон вориди Душанбе шуда буданд.