Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон рафт

Дар сафар роҳбари давлатро вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамроҳӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Қазоқистон парвоз кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, президентро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ҳамроҳӣ кард.
Илова бар ин, ёрдамчиёни президент оид ба робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ ба Қазоқистон парвоз карданд.
Тоҷикистон хариди гандумро аз Қазоқистон ба маротиб афзоиш додааст
Ёдовар мешавем, ки сафари охирини президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон моҳи апрел сурат гирифт. Он вақт ӯ бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Токаев мулоқот кард.